Main pageБарои шарикон Ба агентҳои пардохтии бонкӣ

Ба агентҳои пардохтии бонкӣ

Тавассути Низоми Пардохтии CONTACT мо ба Шумо рушди муштараки хизматгузории нав – амалї намудани интиқоли маблағҳо дар тамоми дунё байни шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб, ҳам дар ташкилотҳои ғайрибонкӣ ва ҳам дар низомҳои ХФБ, пешниҳод менамоем.

Инчунин, Шумо метавонед фаъолияти зеринро амалї намоед:

  • Интиқолҳо ба манфиати шахсони ҳуқуқӣ (пардохти қарзҳои истеъмолӣ, пардохти хизматрасониҳои мобилӣ ва алоқаи радифӣ, телевизиони радифӣ, Интернет, IP-телефония, сайёҳї, чиптаҳои ҳавопаймоӣ ва роҳи оҳан, ҳуҷраҳо дар меҳмонхона, инчунин пуркунии суратҳисоб («ҳамёнҳои электронӣ») ва диг.)
  • Интиқоли маблағҳои пулии CONTACT ба манфиати шахсони воқеӣ дар тамоми дунё аз рўи тарофаҳои имтиёзӣ.
  • Интиқоли воситаҳо ба суратҳисоби шахсони воқеӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар ҳамаи бонкҳои Русия, Аврупо ва ИМА (интиқолҳои CONTACT-СУРАТҲИСОБ)

Оиди пайвастшавӣ ба низоми CONTACT хоҳиш менамоем ба Раёсати шабакањои алтернативии фурўши CONTACT тавассути тел.: +7 (495) 660-7532 ext. 0149 or 0137 ё почтаи электронӣ мурољиат намоед: agent@contact-sys.com.