Main pageДар бораи мо Сиёсат дар соҳаи сифати БТС «РУССЛАВБАНК» (ҶСП)

Сиёсат дар соҳаи сифати БТС «РУССЛАВБАНК» (ҶСП) — Оператори Низоми Пардохтии CONTACT

Низоми пардохтии CONTACT хизматрасониҳоро оиди амалї кардани интиқоли воситаҳои пулӣ ба Мизоҷони Низом (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ) пешниҳод менамояд. Оператори Низом хизматрасониҳои инфрасохтории пардохтиро ба Мизоҷон (шахсони ҳуқуқӣ), Иштирокчиён ва Шарикони Низом пешниҳод менамояд.

Мақсади Оператори Низом — ба Иштирокчиён, Шарикон, Мизоҷони Низом пешниҳод намудани имконияти расонидан ва/ё гирифтани хизматрасониҳои Низоми CONTACT

Мо Мизоҷон, Иштирокчиён ва Шарикони Низомро қадрдонӣ менамоем.

Мо барои ба дараҷаи баланд қонеъ намудани талаботҳои Мизоҷони аз ҷониби ҳамаи Иштирокчиён ва Шарикони Низоми CONTACT хизматрасонидашаванда фаъолият мекунем, барои қаблан пешбинӣ намудани талаботҳои Мизоҷони худ кӯшиш менамоем. Барои ин мо номгўи хизматрасонї ва тарзњои амалї намудани амалиётњоро васеъ намуд истодаем.

Мо бо Иштирокчиён, Шарикон ва Мизоҷони Низоми CONTACT муносибати мутақобилан судманд ва дарозмуддатро барпо менамоем.

Муваффақияти мо аз пешсафии роҳбарият, ҷалбкунии кормандон ба низоми идораи сифат, њадафгузорї ба самти истеъмолкунанда ва пайравӣ ба мунтазам беҳтар намудани ҳама ҷанбаҳои фаъолияти CONTACT ба даст меояд.

БТС «РУССЛАВБАНК» (ҶСП) њамчун Оператори Низоми Пардохтии CONTACT ба худ ӯҳдадориҳои пайравӣ намудан ба талаботҳои менељменти сифат ва стандарти сифати ISO 9001:2008 қабул менамояд, инчунин мунтазам сифати менељменти дар Бонк амалкунандаро баланд мебардорад.