Main pageМизоҷСаволҳо ва ҷавобҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мавзӯъҳои умумӣ

Дар куҷо ҷойгир будани нуқтаи наздиктарини хизматрасонии Низоми CONTACT аз куҷо бояд фаҳмид?

Агар Шумо ҳоҳиши фиристодани интиқолро ба суроғаи шахси воқеӣ бо воситаҳои пули нақд дошта бошед, маълумотро дар бораи нуқтаи хизматрасони наздиктарини CONTACT –ро дар қисмати Нуқтаҳои хизматрасонӣ гирифта метавонед.

Барои гирифтани маълумот дар бораи нуқтаҳои пардохтии CONTACT, ки дар онҳо фиристодани интиқол ба манфиати шахсони ҳуқуқӣ – мизоҷони Оператори Низом ё ба суратҳисоби шахсони воқеӣ мумкин аст, дар қисмати Пардохтҳо тавсифи пардохти худ, баъдан – ширкате (провайдере), ки ба суроғаи он хоҳиши интиќоли пардохтро доред, интихоб намоед, ба ишораи «Нуқтаи пардохтҳо» дар поёни саҳифа гузаред.

Маълумоти иловагиро бо тариқи занг ба телефони 8 800 200-42-42 гирифтан мумкин аст. Занг дар ҳудуди Русия- ройгон.

Барои фиристодан/гирифтани интиқол/пардохт аз рӯи Низоми CONTACT кадом њуљљатњо лозиманд?

Агар Шумо- шаҳрванди ФР ё Белорусия бошед, он гоҳ барои гирифтан ё фиристодани интиқол танњо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият лозим аст. Барои шаҳрвандони дигар давлатҳои Иштирокчӣ –Интиќолкунанда ё Иштирокчӣ – Қабулкунанда ба ғайр аз ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият барои талаб намудани пешниҳоди корти муҳоҷиратӣ ё яке аз ҳуҷҷатҳои зерин, ҳуқуқ дорад: ҳуҷҷати зист, ё ризоият барои истиқомати муваққатӣ дар ФР, ё раводид, ҳангоми пешниҳоди чунин талаботҳо ба шаҳрвандони Армения, Озарбойҷон, Молдова, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон пешниҳоди корти муҳоҷиратӣ кифоя аст.

Мувофиқи қонунгузории Федератсияи Русия ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, инҳо мебошанд:

  • шиносномаи шаҳрванди Федератсияи Русия, шиносномаи хориҷии умумии шаҳрвандї - барои шаҳрвандони Федератсияи Русия;
  • шаҳодатномаи муваққатии шахсиятмуќарраркунандаи шаҳрванди Федератсияи Русия, ки дар марҳилаи ба расмиятдарории шиноснома (шакли №2П) дода мешавад;
  • шаҳодатномаи шахсиятмуќарраркунандаи хизматчиёни ҳарбӣ ё билети ҳарбӣ, шиносномаи маллоҳ – барои хизматчиёни ҳарбии Федератсияи Русия;
  • шиносномаи миллии шаҳрванд - барои шаҳрвандони хориҷие, ки муваққатан дар ҳудуди Федератсияи Русия ќарор доранд;
  • шиносномаи дохилии (ID - корт) шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон;
  • ҳуҷҷати зист дар Федератсияи Россия ё истиқомати муваққатӣ - танҳо барои шахсони шаҳрвандӣ надошта, pагар онҳо ба таври мунтазам дар ќаламрави Федератсияи Русия истиқомат кунанд;
  • шаҳодатномаи гуреза ё шаҳодатнома дар бораи баррасии дархост дар бораи чун гуреза эътироф намудани шахс, ки аз ҷониби муассисаҳои дипломатӣ ё сафорати Федератсияи Русия ё аз ҷониби нуқтаи назорати муҳоҷиратӣ ё мақомотҳои минтақавии ХФМ Федератсияи Русия - барои гурезаҳо дода шудааст;
  • шаҳодатнома дар бораи пешниҳоди паноҳгоҳи муваќќатї дар ќаламрави Федератсияи Русия - барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ (аз ҷониби мақомотҳои минтақавии ХФМ Федератсияи Русия дода шудааст)

Ба ман дар гирифтани интиқол рад намуданд, зеро ки мӯҳлати шиносномаи ФР ман гузаштааст – ман ба синни 45-солагӣ ду рӯз пеш расидаам ва то ҳол барои ивази он фурсат наёфтаам. Оё ин гуна радкунї қонунӣ аст, агар ба тариќи расмї ба ман барои иваз намудани шиноснома як моњ вақт дода шавад?

Мувофиқи талаботҳои мод. 7 қонуни Федералӣ №115-ҚФ аз 07.08.2001 сол, «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст оварда ва маблағгузории терроризм» барои додани интиқол Иштирокчӣ-Қабулкунанда гузаронидани мушаххасгардонии мизоҷро ӯҳдадор аст, ки он дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият гузаронида мешавад. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои барои мушаххасгардонии мизоҷ имкондиҳанда бояд дар санаи пешниҳоди онҳо эътибор дошта бошанд (б.2.2 Низомномаи Бонки Россия №262 –П аз 19.08.2004 с. «Дар бораи аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ гузаронидани мушаххасгардонии мизоҷон ва манфиатгирандагон бо мақсади муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст оварда ва маблағгузории терроризм). Дар хусуси шиносномаи шаҳрванди Федератсияи Россия: мувофиқи б.7 Низомнома дар бораи шиносномаи шаҳрванди Федератсияи Россия, ки бо Қарори Њукумати ФР №828 аз 08 июли 1997 с. тасдиќ шудааст, ҳангоми ба синни 20 ва 45-солагӣ расидан мӯҳлати эътибори шиноснома беэътибор дониста мешавад ва бояд иваз карда шавад, дар ин ҳангом мувофиқи б.15 Низомномаи дар боло зикргардида дар мӯҳлати 30 рӯз аз гузаштани мӯҳлати эътибори шиноснома шаҳрванд бояд ҳуҷҷат ва акси шахсии худро ба мақомоти минтаќавии ХМФ барои ивази шиносномаи беэътибор пешнињод намояд. То барасмиятдарории шиносномаи нав ба шаҳрванд бо хоҳиши ӯ аз ҷониби мақомоти минтақавии ХМФ шаҳодатномаи шахсиятмуќарраркунандаи муваққатӣ бо намуди 2П, ки бо Фармони ХМФ №339 аз 07 декабри 2009 с. муќаррар гардидааст дода мешавад, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият дар марҳилаи ивази шиноснома мебошад.

Ҳамин тариқ, дар ҳолати дар боло зикргардида радкунї қонунӣ мебошад, зеро Шумо натавонистед дар санаи пешнињод ҳуҷҷати дорои эътиборро, ки барои гузаронидани мушаххасгардонї лозим аст, пешниҳод намоед.

Ман соҳибкори инфиродӣ, дар ш. Лвов зиндагӣ менамоям. Ба аҳолӣ хизматрасониро дар соҳаи интернет-пардохтҳо, интиқолҳо ва ғ. пешниҳод менамоям. Оё ман метавонам намояндаи Шумо дар пешниҳоди хизматрасонӣ ба аҳолӣ аз рӯи Низоми CONTACT шавам?

Иштирок дар амалї кардани интиқолҳои CONTACT аз ҷониби намояндагони (агентони пардохтии бонкии) Оператори Низом (азҷумла, шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб ба суроғаи СИ ва шахсони ҳуқуқӣ барои пешниҳоди хизматрасонии алоқа ва дигарҳо) танҳо дар ќаламрави Федератсияи Русия имконпазир аст. Дар давлатҳои дигар, азҷумла Украина ш. Лвов, Шумо метавонед аз Низоми CONTACT њамчун шахси инфиродї истифода намоед ва пулро интикол диҳед\қабул намоед.

Ҳангоми иҷро намудани интиқол хазиначӣ дар бонк шиносномаи маро нусхабардорӣ (сканеркунӣ) намуд, амалҳои худро бо қарор дар бораи гардиши ғайриқонунии пулҳои нақд, асоснок намуд.Амали хазинадор то кадом андоза дар доираи ќонун мебошанд?

Мувофиқи талаботҳои мод. 7 қонуни Федералӣ №115-ҚФ аз 07.08.2001 сол, «ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНИИ (РАСМИКУНОНИИ) ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БА ДАСТ ОВАРДА ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ» (моддаи 7 б. 1) ташкилотҳои амаликунандаи амалиётњо бо воситаҳои пулӣ ё дигар молу мулк, ӯҳдадоранд, ки мизоҷ, намоянда ва (ё) манфиатгирандаро мушаххас гардонанд ва маълумотҳои зеринро нисбати шахсони воқеӣ муайян намоянд:

Ном, насаб, инчунин номи падар (агар дигар дар қонун ё расму русуми миллӣ тартиби дигар пешбинї нашуда бошад), шаҳрвандӣ, санаи таваллуд, маълумотњои ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, маълумотҳои корти муҳоҷиратӣ, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи шаҳрванди хориҷї ё шахсони бе шаҳрвандӣ барои будубош (иқомат) дар ќаламрави Федератсияи Россия, суроғаи ҷои истиқомат (бақайдгирӣ) ё ҷои будубош, рақами мушаххаси андозсупоранда (ҳангоми мављуд будани он).

Мувофиқи Қонуни зикргардида мушаххасгардонї –ин маҷмӯи чорабиниҳои дар Қонуни Федералӣ муайянкардашуда (дар боло зикр гардида №115-ҚФ) оиди муайян намудани маълумот дар бораи мизоҷон, намояндагони онҳо, манфиатгирандаҳо, дар бораи тасдиқи дурустии маълумотҳои мазкур бо истифодаи нусхаҳои аслии ҳуҷчатҳо ва (ё) бо тарзи лозима нусхаҳои тасдиқгардида, сабти маълумотҳо – гирифтан ва нигоњдории маълумот дар ҳомилҳои маълумот бо мақсади татбиқи қонуни Федералии мазкур.

Ғайр аз ин, Низоми CONTACT бо контрагентони зиёда аз 90 давлат ҳамкорӣ менамояд. Дар аксарияти давлатҳо қонунгузорӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст оварда ва маблағгузории терроризм имконияти дархости нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти Интиќолдињандаро, ҳангоми мавҷудияти ягон шубҳа нисбати Қабулкунандаи интиқол, пешбинї менамояд.

Ҳамин тариқ, бо мақсади иҷрои талаботҳои қонунгузории федералӣ, инчунин талаботҳои контрагентони хориҷии Низом ташкилотҳои қарзӣ, ҳуқуқи омодакунии нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро доранд.

Фарқият байни интиқоли маблағҳо ва пардохтҳо дар чист?

Ҳамаи амалиётҳо аз рӯи Низоми CONTACT ба тариќи њуќуќї интиқоли воситаҳои пулӣ њастанд, вале барои қулайӣ ва самтгузории содда барои мизоҷон, дар маълумоти дар сомонаи мо пешниҳодгардида интиқоли воситаҳои пулӣ бо супориши шахсони воқеӣ барои пардохт бо воситаҳои пулии нақд ба шахсони воқеӣ фаҳмида мешавад, дар зери мафҳуми «пардохтҳо» интиқоли шахсони воқеӣ ба суратҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ - Мизоҷони Оператори Низом, ки бо онњо ањдномањо оиди додани маљмўи хурдтарини мушаххасот, дар шаклбандии муайянгардида ва аз рӯи таъинот ба ҳисоб воридкунии воситаҳоро имкондињанда баста шудаанд, фаҳмида мешавад. Инчунин интиқоли воситаҳои пулӣ аз суратҳисоби шахсони ҳуқуқӣ – Мизоҷони Оператори Низом ба манфиати шахсони воқеӣ барои пардохти он бе кушодани суратҳисоб низ интиқол ба ҳисоб меравад. Дар ин ҳолат хизматрасонии CONTACT-СУРАТҲИСОБ — ин ҳисобӣ ба суратҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо маълумоти озод, вақте ки Низоми Оператор бо ташкилотҳои хизматрасонандаи суратҳисоби қабулкунанда муносибатњои мустаќими шартномавї надорад ва ба Интиќолдињанда нишон додани реквизитҳои пурраи қабулкунанда ва ба ташкилоти хизматрасон, талаб карда мешавад, ба категорияи алоҳида ҷудо мешавад.

Гӯед, ки оё маблағҳои интиқолие, ки бо низоми интиқоли маблағҳо фиристода мешаванд, суғурта мешаванд ?

Мувофиқи Қонуни Федералӣ №177-ҚФ аз 23.12.2003 сол «Дар бораи суғуртаи амонатҳои шахсони воқеӣ дар бонкҳои Федератсияи Русия» интиқоли воситаҳои пулии бо супориши шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисобҳои бонкии аз ҷониби бонк иҷрошаванда, суғурта карда намешаванд.

Интиқоли маблағҳо ба суроғаи шахсони воқеӣ

 

Бо кадом асъор интиқолро дар Низоми CONTACT амалї кардан мумкин аст?

Интиқолро бо рубл дар ҳудуди Федератсияи Русия, дар доллари ИМА ва Евро ба давлатҳои хориҷи дур ва бо ҳамиа се асъор ба давлатҳои ИДМ амалї кардан мумкин аст. Њангоми ин як қатор Иштирокчиён - Қабулкунандагон метавонанд пардохти интиқоли фиристодашударо бо асъори хориҷӣ бо сабаби риояи талаботҳои қонунгузориҳои маҳаллӣ ё ба сифати хизматрасонии иловагӣ бо хоҳиши мизоҷ бо яке аз аз асъорњои дар болозикршуда амалї намоянд.

Кадом маблағи ниҳоиро гузаронидан мумкин аст? Оё дар миқдори интиқол маҳдудият мавҷуд аст?

Барои интиқолњо ба манфиати шахсони воқеӣ барои пардохт бо воситањои пулии нақд:

  • дар ҳудуди ФР бо рубли русӣ маблағи ниҳоии як интиқол — 500 000 руб., ҳангоми ин миқдори интиқол аз як Интиќолдињанда маҳдуд карда намешавад;
  • берун аз ҳудуди ФР — агар Шумо резиденти Федератсияи Русия бошед, он гоҳ Шумо метавонед асъори хориҷӣ ё рубли русиро дар эквиваленти 5 000 доллари ИМА барои як рӯзи амалиётӣ гузаронед (маҳдудияти қонунгузорӣ ҳангоми интиқол аз ҳудуди ФР), барои ғайрирезидентони ФР маҳдудияти Низом ба маблағи интиқоли ягона – 350 000 руб., 10 000 доллари ИМА ё 10 000 Евро амал мекунад, ҳангоми ин интиқол аз як Интиќолдињанда мањдуд карда намешавад. Ғайри ин, маҳдудияти давлат ва/ё худи Иштирокчӣ- Интиќолдињанда дар нуқтаи пардохти аз ҷониби Шумо интихоб гардида (махсусан барои интиқол ба хориҷи дур муњим аст) метавонанд амал кунанд, барои маълумоти мукаммал ба хадамоти маълумотдиҳии шабонарӯзӣ ба телефони 8 800 200-42-42 занг занед, занг дар ҳудуди Русия ройгон, ё бо хусусиятҳои пардохти интиқол дар саҳифаи асосии сомона, бо истифодаи блоки интерактивии «Арзиши пардохт», бо воридкунии маълумотҳои дархостшаванда оиди интиқоли банаќшагирифташуда шинос шавед.

Оё бо ваколатнома интиќол додан ё қабул намудани интиқоли маблағҳо мумкин аст?

Аз ҷиҳати техникї дар таъминоти барномавии Оператори Низом аз рӯи ваколатнома ба анҷом расонидани танҳо интиқоли маблағҳо имконпазир аст. Барои кам кардани хатари пардохти интиқол ба қабулкунандаи иҷозатнадошта пардохт бо ваколатнома аз љињати техникї ғайриимкон аст. Вале ҳангоми ин Иштирокчӣ ба њар њол ҳуқуқ дорад ба намояндаи қабулкунанда пардохткунии интиқолро бо истифодаи имкониятҳои техникии худ амалї намояд, зеро дар ҳар ҳолати мушаххас имкони қабул кардани интиқол бо ваколатнома ба таври инфиродї дар нуқтаи пардохти аз ҷониби Шумо интиқол гардида муќаррар карда мешавад. Барои роҳ надодани таъхири пардохти воситаҳои пулӣ дар ҳолате, ки ба Шумо чун Интиќолдињандаи маблаѓ маълум бошад, ки Қабулкунандаи дар аввал аз ҷониби Шумо зикршуда наметавонад бо ягон сабаб интиқолро гирад, тавсия дода мешавад, ки дар интиқол тағйирот ворид намоед ва Ном, насаб ва номи падари намояндаи Қабулкунандаро нишон дињед.

Дар ҳолате, ки агар интиқол бо намояндаи Интиќолдињанда амалї карда шавад, он гоҳ ваколатномаи бо тартиби лозима ба расмият дароварда шуда, пешниҳод карда мешавад:

  • Ваколатнома бояд ба тариќи нотариалӣ тасдиқ гардида бошад.
  • Ваколатномаи умумӣ барои истифодаи молу мулк қабул карда намешавад, агар дар он ҳуқуқи гирифтани пул аз суратҳисобҳои бонкӣ зикр нашуда бошад.
  • Барои шаҳрвандони Федератсияи Русия – ваколатнома метавонад аз ҷониби сафоратхонаи (консулгарии) Федератсияи Русия дар хориҷа, барои шаҳрвандони дигар давлатҳо - сафоратхонаи (консулгарии) Федератсияи Русия дар хориҷа ё сафоратхонаи (консулгарии) давлати хориҷа дар Федератсияи Русия тасдиқ шуда бошад.
  • Ваколатнома бо забони хориҷӣ дар якҷоягї бо тарҷумаи тасдиќгардидаи он ба забони русӣ пешниҳод карда мешавад.

Нусхаи аслии ваколатномаро Иштирокчиёни Низом метавонад дар ихтиёри худ нигоњ дорад, дар њолати акс Иштирокчї бо тартиби њатмї нусхаи ваколатномаро омода менамояд

Интиќолдињанда кадом маълумотҳоро дар интиқоли маблағ оиди қабулкунанда бояд нишон диҳад?

Барои мушаххасгардонии Ќабулкунанда бояд номи пурраи ӯ (Ном, насаб ва номи падар) мувофиқи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият нишон дода шавад – барои роҳ надодан бо мушкилоти фарқияти маълумот дар Низом ва дар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ҳангоми пардохт.

Талаботҳои махсуси пуркунии маълумотҳои Ќабулкунанда аз ҷониби Иштирокчиёни пардохткунанда мавҷуданд – онҳо танҳо ҳангоми фиристодани интиқол ба баъзе давлатҳои хориҷи дур амал мекунанд

Чӣ хел қабулкунанда метавонад дар бораи интиқоли маблағҳо ба манфиати ӯ бохабар гардад?

Интиќолдињанда ӯҳдадор аст шахсан ба Ќабулкунанда рақам ва маблағи интиқол, инчунин суроғаи Иштирокчӣ, ки дар он љо ӯ метавонад тавассути технологияи суроғавӣ, ё дар тарзњои дигари суроғањо – ҳангоми технологияи бесуроғавии пардохт интиқолро гирад, хабар диҳад.

Ќабулкунанда кадом маълумотҳоро ҳангоми гирифтани интиқоли маблағҳо бояд донад?

Мувофиқи Қоидаҳои Низоми CONTACT интиқол ҳангоми мутобиқат намудани насаб, ном, номи падари (агар бошад) Қабулкунанда дар ҳуҷҷати пешниҳодгардидаи тасдиқкунандаи шахсият, рақами интиқоли аз ҷониби Қабулкунанда арзгардида бо маълумотҳои дар Низом ишорагардида, супорида мешавад. Иштирокчӣ- Қабулкунанда инчунин барои дархости маълумотҳои иловагӣ оиди интиқол (маблағ, Ном, насаб ва номи падари Интиќолдињанда, шаҳри Интиќолдињанда) ҳуқуқ дорад.

Агар Интиќолдињанда дар насаби қабулкунанда ба хатогӣ роҳ дода бошад, тағйиротро чї гуна ворид намудан мумкин аст?

Интиќолдињанда ба Иштирокчие, ки аз нуқтаи ў интиќолро амалї намудааст, муроҷиат менамояд ва аризаро оиди ворид намудани тағйирот ба маълумотҳои Ќабулкунанда менависад. Барои ворид намудани тағйирот комиссия ситонида намешавад, танҳо дар њолате, ки агар комиссияи мазкур дар шартнома аз ҷониби Иштирокчӣ- Қабулкунанда муќаррар нашуда бошад.

Агар Интиќолдињанда дар насаби ман дар як ҳарф хато карда бошад, бидуни аз ҷониби ӯ ворид намудани тағйирот ба ман гирифтани интиқол имконпазир аст?

Мувофиқи қоидаҳои Низоми CONTACT додани воситаҳои пулӣ дар ҳолати мављуд будани фарқият дар навишти маълумоти Қабулкунанда дар маълумоти дар бораи амалиёт гирифташуда дар ҳолатҳои зерин роҳ дода мешавад:

  • 1-2 хатогӣ дар навиштани маълумотҳое, ки бо имконияти гуногуннависї, навишти мухтасар ва ғалати чопї ба вуҷуд омадаанд;
  • агар дар интиқол насаб, ном ва номи падари Қабулкунанда дар тасрифи (дательный) русї нишон дода бошад;
  • агар майдонҳои «Насаби Қабулкунанда», «Номи Қабулкунанда» ва «Номи падари Қабулкунанда» бо пайдарњамии нодуруст пур карда шуда бошанд, аммо ҳангоми ин дар маљмўъ имконияти мушаххасгардонии мизоҷро тибќи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти ӯ медиҳанд;
  • агар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият нишон додани номи падарро дар назар надошта бошад, аммо дар маълумоти гирифташуда дар бораи амалиёт номи падар нишон дода шуда бошад; дар ин ҳолат номи падар ба сифати воситаи мушаххасгардонии иловагӣ истифода бурла мешавад;
  • агар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият номи падар зикр шуда бошад, аммо номи падар дар маълумот оиди интиќол нишон дода нашуда бошад;
  • агар маълумоти Қабулкунанда дар интиқол бо ҳарфҳои лотинӣ зикр гардида бошанд, дар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бошад бо њарфњои алифбои русӣ ё баръакс;

Аммо ҳангоми ин шартҳои алоҳидаи додани маблаѓи Иштирокчии мушаххас, ки дар ҳуҷҷатҳои дохилии ӯ муќаррар карда шудаанд ва аз муќарраророти қоидаҳои Низом фарқ мекунанд, имконпазир аст, бинобар ин, дар чунин ҳолатҳо мо ба Интиќолдињанда тавсия медињем, ки ба нуқтаи Низоме, ки ӯ аз он ҷо интиқолро амалї намудааст, муроҷиат намояд ва тағйиротҳои лозимаро ворид кунад. Дар ҳолати ғайриимкон будани воридкунии тағйирот, лутфан ба хадамоти маълумотдиҳӣ бо телефони 8 800 200-42-42 муроҷиат намоед. Занг дар ҳудуди Россия - ройгон.

Ба ман ба насаби духтариам (то ақди никоҳӣ) интиқол фиристодаанд, барои гирифтани он чӣ бояд кард?

Барои додани интиқол зарур аст, ки ном, насаб ва номи падари Ќабулкунандаи аз ҷониби Интиќолдињанда нишон дода шуда ва насаб ва номи падари Ќабулкунанда дар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият мувофиқат намоянд, бинобар ин барои гирифтани интиқол зарур аст, ки Интиќолдињанда ба нуқтае, ки аз он интиқолро амалї кардааст, муроҷиат намояд ва насаби Шуморо тағйир диҳад. Њангоми ин Иштирокчӣ-Қабулкунанда мустақилона барои қабул намудани ќарор дар бораи додани интиқол бидуни ворид намудани тағйирот аз ҷониби Интиќолдињанда ҳангоми аз ҷониби Шумо пешниҳод гардидани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва шаҳодатнома дар бораи ақди никоҳ ҳуқуқ дорад масъалаи мазкурро дар шакли инфиродї дар ҳолатҳои мушаххас баррасї карда мешавад.

Оё интиќолдињанда интиқолро баргардонида метавонад?

Интиқоли ба манфиати шахси воқеӣ барои пардохт бо воситаҳои пулии нақд метавонад бо дархости Интиќолдињанда баргардонида шавад. Барои ин ба нуқтаи Иштирокчӣ, ки аз он интиқол амалї карда шудааст, муроҷиат намуда, ариза навиштан лозим аст. Комиссия барои баргардонидани интиқол гирифта намешавад, аммо аз интиқоли ба Шарикони Низом фиристодашуда бозгашти интиќол метавонад бо комиссия ва/ё хароҷотҳои Шарикон ва/ё ташкилоти қарзӣ, ки дар он суратҳисоби Қабулкунанда кушода шудааст, амалї шавад.

Бо интиқоле, ки бо ягон сабаб Ќабулкунанда онро нагирифтааст, чӣ мешавад?

Воситаҳои дархостнагардида дар Низом дар муддати мӯҳлати умумии мурури даъво, ки бо қонунгузории ФР муайян гардидааст, нигоҳ дошта мешаванд. Интиқол бо ташаббуси Интиќолдињанда метавонад баргардонида шавал

Пардохтҳо

Бо кадом асъор пардохтро дар Низоми CONTACT амалї кардан мумкин аст ва оё маҳдудият дар маблағ ва шумораи пардохтҳо мавҷуд аст?

Пардохтро дар ФР ба манфиати шахсони воқеї бо рубли ФР, берун аз ҳудуди ФР – бо доллари ИМА ё Евро амалї кардан мумкин аст, ҳангоми ин маҳдудиятҳои низомӣ мавҷуд нестанд, вале мавҷудияти маҳдудияти қонунгузорӣ имконпазир аст – масалан, барои резидентони ФР маблағи умумии пардохтҳо аз як Интиќолдињанда берун аз ФР набояд аз 5000 доллари ИМА ё муодили он барои як рӯзи амалиётӣ зиёд бошад – ва/ё маҳдудият аз тарафи қабулкунанда –шахси ҳуқуқӣ.

Ба амал баровардани пардохтҳо дар асъори хориҷӣ дар ҳудуди ФР ҳангоми шарти пургардонии суратҳисоби шахсӣ имконпазир аст, яъне агар Ном, насаб ва номи падари Интиќолдињанда ва Қабулкунанда – соҳиби суратҳисоб мувофиқат кунанд, инчунин ҳангоми пардохтҳои Интиќолдињандагон барои пардохти қарзҳо бевосита ба ташкилотҳои қарзӣ имконпазиранд.

Барои маълумоти пурра ва фаврӣ дар бораи мавҷудияти маҳдудиятҳои мазкур бевосита ба худи шахси воқеӣ муроҷиат намудан лизим аст, ҳангоми мавҷуд набудани чунин имконият Шумо метавонед инчунин ба хадамоти маълумотдиҳии шабонарӯзии бо телефони 8 800 200-42-42 (занг дар ҳудуди Россия ройгон) муроҷиат намуда метавонед, ё метавонед бо он дар сомонаи мо дар қисмати Пардохтҳо, бо интихоби шахси ҳуқуқӣ –қабулкунандаи пардохт ё ташкилоти қарзӣ/бонки хориҷӣ, ки дар он суратҳисоби қабулкунанда кушода шудааст, шинос шавед.

Ба пардохт чї тавр тағйирот ворид намудан ё оё њангоми зарурат бекор намудани пардохт мумкин аст?

Ҳангоми зарурати ворид намудани тағйирот ё бекоркунии пардохти бо Низоми CONTACT фиристодашуда, ба Интиќолдињанда лозим аст, ки ба шахси воқеӣ – Ќабулкунанда, ё ба ташкилоти қарзӣ, ки дар он суратҳисоби Ќабулкунанда мавҷуд аст – шахси воқеӣ, бевосита муроҷиат намояд. Дар ҳолати ғайриимкон будани чунин муроҷиат Интиќолдињанда метавонад ба дафтари кории Иштирокчӣ- Интиќолдињанда аризаи мутобиқро пешнињод намояд. Њангоми имконияти ворид намудани тағйирот ба пардохти мазкур дар Низом ва инчунин тартиб ва мӯҳлати ворид намудани тағйирот бо шартҳои маълумотӣ-технологияи ҳамкории Оператори Низом бо шахсони ҳуқуқӣ ё ташкилотҳои қарзӣ/бонкҳои хориҷии мазкур, ки дар онҳо суратҳисоби қабулкунанда кушода шудааст,муайян карда мешаванд. Барои аниқкунии имконияти ворид намудани тағйирот ва бекоркунї Шумо метавонед ба телефони 8 800 200-42-42 муроҷиат намоед (занг дар ҳудуди Россия ройгон).

Интиќолдињанда дар пардохт бояд кадом маълумотҳоро нишон диҳад?

Фењрасти маълумотҳое, ки Интиќолдињанда дар пардохт бояд зикр намояд , шахси ҳуқуқӣ - ташкилотҳои қарзӣ/бонкҳои хориҷӣ, ки дар онҳо суратҳисоби қабулкунанда кушода шудааст, муайян менамояд, бевосита аз шахси ҳуқуқӣ - ташкилотҳои қарзӣ/бонкҳои хориҷӣ аниқ кардан мумкин аст (азҷумла, дар сомонаҳои онҳо), ё бо муроҷиат ба хадамоти маълумотдиҳии шабонарӯзии мо бо телефони 8 800 200-42-42 (занг дар ҳудуди Русия ройгон) ё шиносоӣ бо он дар сомонаи мо дар қисмати Пардохтҳо бо интихоби шахси ҳуқуқӣ – қабулкунандаи пардохт ё ташкилотҳои қарзӣ/бонкҳои хориҷӣ, ки дар он суратҳисоби қабулкунанда мавҷуд аст. Он рақами суратҳисоби таъингардида, роҳхатҳо, шартнома бо Интиќолдињанда, суратҳисоби шахсии Ќабулкунанда, ҳамёни электронӣ буда метавонад.

То кадом андоза пардохти ман фаврї мерасад?

Мӯҳлати ҳисобии воситаҳо бо шартномаи Оператори Низом бо шахси воқеӣ – қабулкунанда ё ташкилоти карзӣ/бонки хориҷӣ, ки дар он суратҳисоби қабулкунанда – шахси воқеӣ кушода шудааст, муайян карда мешавад ва метавонад якчанд рӯзи кориро дар бар гирад. Маълумоти аниқро дар сомонаҳои қабулкунандагон\ташкилотҳои суратҳисоби қабулкунанда, ки шахси воқеиро хизматрасонӣ менамояд, ё дар сомонаи мо дар қисмати Пардохтҳо », бо интихоби шахси воқеӣ- қабулкунандаи пардохт ё ташкилоти қарзӣ/бонки хориҷӣ, ки дар он суратҳисоби қабулкунанда кушода шудааст, аз назар гузаронидан мумкин аст, ё бо муроҷиат ба хадамоти маълумотдиҳии шабонарӯзии мо бо телефони 8 800 200-42-42 (занг дар ҳудуди Русия - ройгон).