Main pageБарои шарикон Барои ташкилотҳои қарзӣ

Барои ташкилотҳои қарзӣ

Барои бонкҳо иштирок дар низоми интиқоли маблағҳои CONTACT — усули:

  1. Бе хароҷотҳои иловагӣ ба мизоҷон пешниҳод намудани хизматрасонии дархостшудаи интиқоли маблағҳо дар шабакаи васеи нуқтаҳои хизматрасонӣ дар ҳудуди Русия, ИДМ, Балтия, инчунин хориҷи дур.
  2. Васеъ намудани феҳрасти хизматрасониҳои чакана аз ҳисоби амалкунии пардохтҳо ба суроғаи шахсони ҳуқуқӣ дар заминаи маҷмўи универсалии барномавии CONTACT ва гирифтани даромади комиссионии иловагӣ
  3. Зиёд намудани шумораи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои дигари бонк: ивази асъор, иҷораи хазинањои депозитӣ, харидории кортҳои пластикӣ ва ғайра.
  4. Баланд намудани шўњрати бонки худ аз ҳисоби ҳамкорӣ бо иштирокчиёни хориҷии интиқолҳо дар шабакаи CONTACT.
  5. Баланд намудани эътибору нуфузи иттилоотии бонки худ, зеро маълумот дар бораи бонкҳо-иштирокчиёни шабакаи CONTACT (бо дохилкунии маълумоти он, суроға ва нуқтаҳои телефонӣ аз рўи хизматрасониии мизоҷон) дар тартиби доимї дар маводҳои иттилоотї-рекламавӣ пайдо мегардад.
  6. Мунтазам баланд намудани даромади худ, новобаста аз вазъи бозорҳои молиявӣ. Ин аз мунтазам баланд шудани талабот ба интиқоли маблағҳо, хароҷотҳои ками борхатӣ ва афзудани муҳоҷирати умумиљањонї вобаста аст.

Маркази Клирингӣ НКО "Рапида" ройгон пешниҳод менамояд:

  • Таъмини барномавии аслии махсус барои хизматрасонии интиқоли маблағҳо мураттабшуда.
  • Заминаи ҳамгироии бисёрљониба, ки татбиқи хизматрасониҳои интиқоли воситаҳои пулиро тавассути воситаи низоми CONTACT дар шабакањои фосилавии бонки шумо (интернет-бонк, терминалҳо ва диг.) имконият медиҳад.
  • Дастгирии техникӣ ва иттилоотї бо риояи ҳамаи талаботҳои бехатарӣ.
  • PR дастгирӣ.
  • Маводҳои рекламавӣ, тавсияҳо оиди истифодаи услуби фирмавӣ.

Барои иштирокчї шудан бояд ба Департаменти идораи шабакањои фурўши CONTACT НКО "Рапида" муроҷиат намоед:
+7(495) 287–1007, 799–5628
newbank@contact-sys.com