Main pageМизоҷПардохтҳо

Пардохти хизматрасониҳо ва мањсулот

НизомиCONTACT ба шахсони воқеӣ имконияти амалї намудани пардохтро ба манфиати шахсони ҳуқуқӣ ба хизматрасонӣ ва харидории молҳо бо раванди соддакардашуда, бе кушодани суратҳисоб дар нуқтаҳои низоми CONTACT пешниҳод менамояд.

Шумо метавонед қарзҳои истеъмолї, хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва моњворавї, телевизиони радифӣ, Интернет ва IP-телефония, сафарҳои сайёҳиро пардохт намоед, чиптаҳои ҳавопаймоӣ ва роҳи оҳан, ҳуҷраҳоро дар меҳмонхона пешакї фармоиш намоед, инчунин суратҳисоби (ҳамёни электронӣ) системаи пардохтҳои – шарикони CONTACT-ро пур гардонед, дар порталҳои бозӣ пул ворид кунед ва пардохтҳо/бурдҳоро гиред.

Барои пардохти хизматрасонӣ ба Шумо кифоя аст, ки нуқтаи аз ҳама қулай ҷойгиршудаи низоми CONTACT-ро интихоб намуда, дар давоми рўзи корї ба онљо њозир шуда, барасмиятдарории пардохтро амалї намоед.