Main pageМизоҷИнтиқоли маблағҳо

Маблағ интиқол додан лозим аст?

Шумо метавонед босуръат, боваринок ва арзон ба хешон, наздикон, дӯстон бо тартиби соддагардида, бе кушодани суратҳисоб ба воситаи нуқтаҳои Низоми Пардохтии CONTACT дар ҳудуди Русия, давлатҳои хориҷи наздик ва дур маблағ интиқол диҳед.

Низоми CONTACT аз дигар низомҳои хориҷӣ ва дигар усулҳои интиқоли воситаҳои пулӣ бо таври афзалиятнок тафовут дорад.

Ба расмият даровардани интиқол вақти зиёдро талаб намекунад ва бе тартиби дилгиркунандаи пуркунии дастии варақаи интиқол аз ҷониби мизоҷ гузаронида мешавад.

Интиқолро бо рубл, доллари ИМА ва евро ба амал баровардан мумкин аст. Маблағи ақали интиқол мавҷуд нест.

Бо маълумоти муфассал оиди тарофаҳои Низом дар ин ҷо шинос шудан мумкин аст.

Ҳангоми зарурият Шумо метавонед интиқоли маблағҳоро барои ҳисобӣ ба суратҳисоби шахсони воқеӣ дар ҳамаи бонкҳои Русия (бо рубл), инчунин ба суратҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҳамаи бонкҳои Аврупо (бо евро) ва ИМА (бо доллар), бо истифода аз хизматрасонии CONTACT-СУРАТҲИСОБ фиристед.